Дар бораи мо

21-уми майи соли 2015 ташаббуси хайриявие тавлид ёфт.

Бо шарофати шавҳари марҳумам Музаффар Ҷӯраев, ки як умр ба ниёзмандон кӯмак мекарду ба дили фарзандонаш мафҳуми хайрхоҳӣ ва шафқатро ҷойгир кардааст, ин ниҳодро “Музаффар” номгузорӣ кардем. Барои хонаводаи мо ин иқдом табиӣ буда, дар ғояи он ҳисси масъулият дар дастгирии ниёзмандон қарор дорад. Зиёда аз ин, эҳсонкорӣ вазифаи ҳар як мусалмон ва ҳар касе, ки барояш арзишҳои умумибашарӣ бегона нест, мебошад.

Имрӯз ташаббуси мо ба Фонди хайриявӣ табдил ёфта, шумораи зиёди одамони савобҷӯро дар атрофи ҳам муттаҳид кардааст. Инҳо ҳамкорон, шарикон, дӯстони наздик ва хешу ақрабои мо мебошанд.

Ман хушбахтам, ки муҳимтарин лоиҳаи ҳаётамро роҳбарӣ мекунам ва барои имкони хидмат ба ҷомеа шукргузорам. Мехоҳам миннатдории худро ба ҳар касе, ки дар ин муддат бо мо буданду ҳастанд расонам ва бовар дорам, ки шумораи мо бештар мешавад!

Мақсад як аст - даъват ба ҳамбастагӣ дар роҳи таҳкими меҳрубонӣ, хайру эҳсонкорӣ, бетараф набудан аз сарнавишти ниёзмандон.

Мо ҳама як қувваи созандаем!


Манзура Ҷураева,

Роҳбари Фонди хайриявии “Музаффар”